Д. Назаров медали тиллои Гран-Прии Бразилияро ба даст овард

0
5 947 просмотров

Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров,  чемпиони Бозиҳои олимпӣ дар мусобиқаи Гран-Прии Бразилия оид ба варзиши сабук медали тилло ба даст овард.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқаи Гран-Прии Бразилия оид ба варзиши сабук 8 июл дар шаҳри Браганша Паулиста баргузор шуд.

Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ гурзро ба масофаи 75,18 метр ҳаво дода, ҷои аввалро сазовор шуд. Дар ин қувваозмоӣ варзишгари Молдова Сергей Маршиев ҷои дуюм (74,51), варзишгари Беларус Павел Барейша (73,28) ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Дар мусобиқа ҳамчунин варзишгарон дар қувваозмоиҳои дав ба масофаҳои 100, 400, 3000 метр, 400 метр бо монеа, ҷаҳиш бо халачӯб, ҷаҳиши секарата, тела додани ядро, партоби диск миёни мардон ва бонувон барои ҷоизаҳо талош карданд.

Ёдовар мешавем, ки  ин дуюмин  медали Дилшод Назаров дар мавсими имсола аст. Ӯ як моҳ қабл – 8 июн дар Мусобиқаи гурзандозӣ ба хотираи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Ҷанус Кусосинскӣ («Janusz Kusocinski Memorial») дар шаҳри Чорзуви Полша медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

В Египте нашли саркофаги римского периода

Саркофаги римского периода истории Египта обнаружила миссия египетского Министерства по делам памятников древности в районе Тель-ад-Дейр города Думьят близ побережья Средиземного моря. «Обнаружено несколько глиняных ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: