Дар 10 сол беш аз 20 ВАО аз фаъолият бозмонданд

0
6 821 просмотров

Васоити ахбори умум дар ҳаёти ҳар як ҷомеа нақши муҳим дорад. Тоҷикистон ҳам истисно нест. Интернету телевизион ва матбуоти чопиву радио сарчашмаи асосии маълумоту хабар дар кишвар мебошанд.

Бино ба иттилои ICHRP, Тоҷикистон бо шумори нашрияҳои гуногуни чопиаш касро ҷалб мекунад. Дар ҷумҳурӣ 371 рузнома чоп мешавад, ки аз ин миқдор 109-тоаш давлатӣ буда, боқимонда нашрияҳои самтҳои гуногун (ғайридавлатӣ) мебошанд.

Бо вуҷуди ин, муносибати сокинони Тоҷикистон ба нашрияҳои чопӣ начандон мусбат аст, чуноне ки ба телевизиону нашрияҳои Интернет.

Бино ба маълумоти таҳқиқот, аз нисф зиёди аҳолӣ рузнома намехонанд. Танҳо 40%-и сокинон рузнома ва маҷаллаҳои маҳаллиро мутолиа менамоянд.

Аудиторияи расонаҳо дар Тоҷикистон ба шакли пешниҳод ва мундариҷаи маводи ВАО бештар нозуктабъ ва серталаб мешавад, ки бешубҳа боз як омилест барои ВАО баҳри таҳкими мавқеи худ дар бозор.

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сирдарё яке аз артерияҳои бузурги обист

Сирдарё яке аз артерияҳои бузурги обии сарзамини Осиёи Миёна буда, 443 ҳазор км² масоҳат дошта, ҳавзааш дар байни 39º23′-46º арзи шимолӣ ва 61º-78º24′ тӯли шарқӣ ҷойгир шудааст. Тӯли ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: