Шаби гузашта як қисми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ фурӯ рафт

0
4 901 просмотров

Як қисмати роҳи Душанбе-Чаноқ, шоҳроҳе, ки шимоли Тоҷикистонро бо марказ пайваст мекунад, шаби гузашта фурӯ рафтааст.

Тавре сӯхангӯи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло зимни сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳодисаи мазкур тахминан соатҳои 2-и субҳи имрӯз рух додааст.

Ба гуфтаи Далери Абдулло, дар ин соат дар 138-ум километри роҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳудуди деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ ҳудуди 35 метр роҳ фурӯ рафт.

Ба иттилои манбаъ кормандони ширкат дар ҷойи фурӯрафтаи роҳ феълан роҳи муваққатӣ кушодаанд.

«Новобаста аз он, ки ҳодиса шабонгоҳ рух дод, дар муддати кутоҳ қисмати техникаҳои пуриқтидор ба ин минтақа сафарбар шудаанд. Бо заҳмати кормандони ширкат аз дили кӯҳ роҳи муваққатӣ сохта шуда,  ҳаракати якҷонибаи воситаҳои нақлиёт муваққатан таъмин карда шуд», — гуфт Далери Абдулло.

Сабабҳои фурӯравии як қисмати роҳи Душанбе-Чаноқ аз ҷониби масъулони ширкат дар ҳоли таҳқиқ  аст.

Дар паи ҳодисаи мазкур   талафоти ҷонӣ ва моддӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Манбаъ: Сомонаи АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои Суғд бахши ташхис ва табобати рентген-эндоваскулярӣ фаъол гардид

Дар Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахши ташхис ва табобати рентген-эндоваскулярӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, хабар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: