Футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба дидорбинии мухлиси наврас Муҳаммадамин Камолов рафтанд

0
564 просмотров

Бо супориши Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва ҳамзамон аъзои бошгоҳи «Истиқлол» Рустам Ятимов ва Алишер Ҷалилов ба дидорбинии мухлиси наврас Муҳаммадамин Камолов рафтанд, ки  аз бохти дастаи Тоҷикистон андуҳгин шуда буд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба бошгоҳи «Истиқлол» хабар медиҳад.

Футболбозони даста зимни  дидорбинӣ ба Муҳаммадамини шашсола сару либоси варзишӣ, пироҳани дастаи мунтахаб бо шумораи 10, тӯб ва туҳфаҳои дигар ҳадя намуда, бо ӯ суҳбати гарму самимӣ анҷом доданд.

Муҳаммадамин Камолови шашсола сокини шаҳри Ҳисор буда, дар оянда мехоҳад футболбози касбӣ шавад.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд як қатор чорабиниҳои гуногун баргузор хоҳанд шуд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда бахшида ба ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: