Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври 1/4- ниҳоӣ баромад

0
558 просмотров

Имрӯз, 28 январ дар бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намауда, ба даври 1/4- ниҳоӣ баромад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳа баргузор гардид.

Замони асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар 30 дақиқаи замони изофӣ низ ғолиб муайян нашуд. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11 метра дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври даври 1/4- ниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Ироқ ва Урдун рӯзи 2 феврал бозӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар  аввалин ишитрокаш дар Ҷоми Осиё  ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта истодааст.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар донишгоҳи Стэнфорд микроскопии қоғазиро ихтироъ намудаанд, ки аз 1 доллар арзон мебошад

Сабаби асосии сохтани микроскпоб ин мубориза зидди касалии вараҷа мебошад. Дар давлатҳои тараққикардаистода  барои ташхиси вараҷа қариб як миллиард санҷишҳои хун дар як сол гузаронидан ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: