WhatsApp боз зери хатар…

0
2 746 просмотров

Истифодабарандагони мссенджери WhatsApp-ро аз паёмакҳои зиёнрасон, ки дар намуди «матни тарканда» омада, кори смартфонро манъ мекунад, огоҳ намуданд. Ин паёмаки нохуш ҳам дар платформаи iOS ва ҳам дар Android фаъол мешавад.

Дар чунин паёмакҳо даҳҳо ҳазор рамзи матнӣ пинҳон шудаанд, ки кори замимаро манъ намуда, на танҳо як барнома балки тамоми системаро аз кор мебарорад – истифодабаранда маҷбур мешавад борҳо смартфонро аз нав фаъол созад.

Паёмаки зиёнрасон дар намуди пешниҳоди маълумоти аҷоиб меояд: «This is very interesting (смайлик)… Read more», лекин дар як фурсат он дар намуди смайли хандаовар, дар фурсати дигар, намуди нуқтаи сиёҳ, ки онро бояд дар матн ёбед. Ҳангоми кушодани паёмак «матни тарканда» фаъол мешавад, ва таҷҳизот аз кор мебарояд.

Бино ба иттилои The Daily Mail, матни аслӣ аз сомонаи Pastebin рӯйбардор карда шудааст. Бояд гуфт, ки аз чунин ноқисии замимаи WhatsApp соли 2014 маълумот баромада буд. Матни он низ аз сомонаи Pastebin руйбардор карда шуда буд.

Ин навбат низ, барои аз нав ба кор андохтани WhatsApp бояд ҳам паёмак ва ҳам чатро бояд хориҷ кунед.

Манбаъ:https://hitech.newsru.com/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Барномаҳои ройгони Photoshop дар базаи AI

Таҳиягарони Adobe ба зеҳни сунъӣ имкон медиҳанд, ки аксҳоро мустақилона таҳрир кунанд. Дар чорабиниҳои Adobe MAX 2019, барномаи Photoshop Camera бо истифода аз алгоритмҳои AI ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: