Озмуни вилоятии «Соҳибкори беҳтарини соли 2018»

0
8 067 просмотров

Бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони фаъоли вилоят, ки ба рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, баланд бардоштани сатҳи истеҳсолот ва хизматрасонӣ мусоидат мекунанд, моҳҳои апрел — декабри соли равон дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Соҳибкори беҳтарини соли 2018» гузаронида мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 апрели соли 2018, № 146 ба тасвиб расид.

Тибқи қарори мазкур ҳайати ҳакамон ва низомномаи комиссияи озмуни вилоятии «Соҳибкори беҳтарини соли 2018» тасдиқ карда шудааст. Дар асоси низомномаи озмуни вилоятӣ ҷоизаҳо танҳо насиби онҳое мегардад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҳудуди вилоят ҷойи истиқоматӣ доранд ва дар пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти вилоят саҳми арзанда мегузоранд.

Озмун аз рӯи 8 самт ва 42 номгӯй гузаронида шуда, ба ғолибон маҷмӯан бештар аз 431 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Футбол: «Худжанд» был сильнее «Баркчи»

После двухнедельной паузы, связанной с участием молодежной сборной Таджикистана на международном турнире в Китае, сегодня двумя матчами шестнадцатого тура возобновился чемпионат страны среди команд высшей ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: