Муайяншавии ғолибони Ниммарафони IX байналмилалӣ

0
4 139 просмотров

Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе доир гардид. Мусобиқаи мазкур бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахт роҳандозӣ шуда, дар он беҳтарин варзишгарони қитъаи Осиё ва Аврупо иштирок намуданд.

Тавре мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва  варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода иброз дошт, дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 47 нафар варзишгар аз 18 давлати дунё иштирок ва дар давидан ба масофаи 21 километр маҳорати худро нишон доданд.

«Мусобиқа дар сатҳи баланди ташкилию касбӣ доир шуд. Дар қатори намояндагони мамолики  дигар варзишгарони тоҷик низ рақобат намуда, кӯшиш намуданд ҷойҳои намоёнро ишғол намоянд. Аксарияти варзишгароне, ки дар ниммарафон иштирок намуданд, иштирокдорони Бозиҳои олимпӣ ва дигар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ буданд», — гуфт Раҷабалӣ Турсунзода.

Ба иттилои номбурда, дар ҷамъбасти натиҷаҳои  ниммарафон дар байни мардон Тефера Гома аз Эфиопия сазовори ҷои аввал ва Майма Ретер аз Кения соҳиби ҷои дуюм гардиданд. Фенте Гирма аз Эфиопия, Адилет Куштанбеков, Тапкин Илия аз Қирғизистон  ва Андрей Петров аз Ӯзбекистон  низ  маҳорати хуб нишон дода,  сазовори ҷойҳои ифтихорӣ  шуданд.

Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе, ба варзишгароне, ки имсол дар ниммарафон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро соҳиб мегарданд, мукофоти пулӣ тақдим карда мешавад: барои ҷои 1-ум –  31150 сомонӣ, ҷои дуюм- 26700 сомонӣ, ҷои сеюм- 22250 сомонӣ, ҷои чорум – 17800 сомонӣ, ҷои панҷум – 16020 сомонӣ  ва ҷои шашум – 13350 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе мақоми байналмилалӣ гирифта,  ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур  шомил карда шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки аввалин бор Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе ба масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон моҳи апрели соли 2010 баргузор гардида буд.

Манбаъ: Сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд

Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек музокироти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: