Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Малайзия 3 медал ба даст оварданд

0
753 просмотров

Теннисбозони ҷавони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Penang Open International 38th Juniors аge Group Tennis Championship 2023» сазовори 3 медал шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи тенниси Тоҷикистон.

Мусобиқа аз 29 ноябр то 3 декабр дар Малайзия бо иштироки варзишгарони 12 давлат доир гардид. Рақобатҳо аз рӯи 5 синн – U10, U12, U14, U16, U18 доир шуданд.

Варзишгарони тоҷик Шеъро Комрон, Валерия Теришкина, Аниса Яҳёева ва Ёсуман Салимова дар рақобатҳои ҷуфти занону духтарон сазовори медали нуқра ва биринҷӣ гардиданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ Аниса Яҳёева ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 16.03.2022

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 13.0000 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: