Мирзомуҳаммад — ҷавони муваффақи тоҷик аст!

0
3 891 просмотров

Мирзомуҳаммад Бобокалонов яке аз варзишгарони тоҷик буда, тӯли 6 сол бо варзиш машғул аст. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявие, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Мирзомуҳаммад дар мусобиқа оид ба ҷиу-ҷитсу дар вазни 60 кг сазовори ҷойи 1-ум шуд.

Мирзомуҳаммад Бобокалонов зодаи шаҳри Хуҷанд буда, дар МТМУ № 25 таҳсил намудааст. Ҳоло вай дар факултети тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар курси 1-ум таҳсил менамояд.

Мирзомуҳаммад дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби медалҳои зиёд гаштааст.  Ҳоло ӯ соҳиби 25 медал ва 26 диплом мебошад. Аз ҷумла, 16 тилло, 6 нуқра, 3 биринҷӣ аст. Устоди Мирзомуҳаммад Бобокалонов — Сармураббии вилояти Суғд оид ба Ҷиу-Ҷитсу Абдуманнон Раҳимов мебошад.

Моҳи апрели соли 2017 мусобиқаи байналмилалие, ки дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, дар он варзишгарони мо низ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Дар қатори онҳо Мирзомуҳаммад Бобокалонов низ буд, ки сазовори ҷойи 3-юм гашт ва бо медали биринҷӣ сарфароз гардид.

                                                                                                            Медиапортали «Тироз»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 18.02.2020

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.6965 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: