Месси 8-умин “Тӯби тиллоӣ”-и худро ба мухлисони “Интер Майами” намоиш дод

0
723 просмотров

Пеш аз бозии дӯстона байни дастаҳои «Интер Майами» ва «Ню-Йорк Сити» маросими вижае ба муносибати гирифтани «Тӯби тиллоӣ»-и ҳамлагар Лионел Месси баргузор шуд.

Дар варзишгоҳи «ПНК Стэдиум» дар Форт-Лодердейл пеш оғози бозӣ аргентинии 36-сола суханронӣ карда, ба мухлисони “Интер Майами” ҷоизаи худро нишон дод.

Месси рӯзи 31-уми октябр барои ҳаштумин бор барандаи «Тӯби тиллоӣ» шуд. Дар овоздиҳӣ ӯ бар Эрлинг Ҳоланд ва Килиан Мбаппе, ки мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро касб карданд, пирӯз шуд.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Собун ба пуст фоида дорад ё зиён

Олимон даъват мекунанд, ки истифодаи триклозан дар воситаҳои косметикӣ ва гигенӣ маҳдуд карда шавад. Тадқиқотчиён аз кишварҳои гуногун арз мекунанд, ки   зарар аз истифодаи собуни ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: