Бо мақсади беҳтар намудани сифати маҳсулоти сохтмонӣ дар Душанбе машварати омӯзишӣ баргузор шуд

0
662 просмотров

Дар Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки доираи васеи соҳибкорони ватанӣ, ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, ба монанди сангу шағал ва сангрезаву рег машғул мебошанд, машварати омӯзишӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии Тоҷикстандарт.

Мақсад аз он беҳтар намудани фаъолияти истеҳсолкунандагони ин соҳа ва ба талаботи стандартҳои замони муосир ҷавобгӯ гардонидани маҳсулоти ватании сохтмонӣ мебошад.

Татбиқи амалии талаботи муайяншуда омили баланд гаштани сифати маҳсулот мебошад. Давоми солҳои охир назорати ҷиддии раванди истеҳсол ва таъмин шудани корхонаҳои истеҳсолӣ бо техникаи муосир имкон додааст, ки сифат боз ҳам беҳтар гардад. Истеҳсолкунандагон вазифадор гардидаанд, ки ба меъёрҳои муҳим таваҷҷуҳ намуда, барои сохтмони иншооти хизматрасонии гуногун ва зист масъулияти баланд эҳсос намоянд.

Дар ҷараёни семинар байни мутахассисони Агентӣ ва истеҳсолкунандагон якчанд масъалаҳо матраҳ гардида, мубодилаи афкор доир шуд. Дар анҷом барои баланд бардоштани сифати маҳсулоти сохтмонӣ, ки дар рӯзгори ҳамарӯза самаранок истифода мешаванд, мулоҳиза ва пешниҳодҳо баён гардиданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 19.11.2021

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.2954 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: