Сомон Турсунзода дар Чемпионати ҷаҳонии касбии ҷиу-ҷитсу соҳиби медали тилло шуд

0
794 просмотров

Варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар Чемпионати ҷаҳонии касбии ҷиу-ҷитсу дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Раҷабалӣ Турсунзода хабар дод.

Сомон дар ин мусобиқа дар вазни 27 кг баромад намуда, ҳамаи рақибонашро мағлуб намуд ва мақоми аввалро сазовор гардид. Ба ифтихори Сомон Суруди миллӣ садо дода, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бардошта шуд.

Сомон Турсунзода то рафтан ба марҳилаи ниҳоӣ бар варзишгари мизбон Султон Аҳмад Султон ғалаба намуд. Сипас варзишгари Ҷумҳурии Қазоқистон Султан Байсенро мағлуб намуда, унвони чемпиони ҷаҳонро дар намуди ҷиу-ҷитсу соҳиб шуд.

Хотиррасон менамоем, ки як моҳ пеш Сомон Турсунзода дар мусобиқаи «Shanghai Jiu-Jitsu Elite Championship-2023» дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин соҳиби медали тилло гардид. Мусобиқа дар ду намуд, аз ҷумла ҷудо ва ҷиу-ҷитсу — грэпплинг баргузор шуд, ки дар он варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар вазни то 30 кг ҳунарнамоӣ намуд. Ӯ ду рақиби худро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мағлуб намуда, медали тиллои мусобиқаро соҳиб шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Тағйироти кадрӣ дар МИҲД-и шаҳри Хуҷанд

  Бо қарори шаҳрдори Хуҷанд аз 18 сентябри соли 2017 Музаффар Раҳимхӯҷаев мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: