Харидории чор ҳавопаймои навъи Embraer

0
6 516 просмотров

Ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ният дорад, ки чаҳор ҳавопаймои навъи “Эмбрайер” (Embraer E190-E2)-ро харидорӣ кунад. Дар ин бора Баҳодур Раҳимов, раиси техникии ширкати “Сомон Эйр”, аввали ин ҳафта дар намоишгоҳи ҳавопаймоҳо дар Маскав изҳори назар кардааст.

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҳанӯз бо ширкати истеҳсолкунандаи ин ҳавопаймоҳо, ки дар Бразилия қарор дорад, шартнома набастааст.

Ҳавопаймои бразилии Embraer аз 97 то 114 ҷойи нишаст дорад ва дар масофаҳои кӯтоҳ ва миёна парвозҳо анҷом медиҳад. Бинобар ин, Somon Air ният дорад ин ҳавопаймоҳоро барои анҷоми парвозҳо дар масирҳои дохили кишвар ва шаҳрҳои ҳамсоякишвари Узбекистон истифода кунад.

Парки ҳавопаймоии Somon Air ҳоло аз ҳавопаймоҳои Boeing иборатанд. Ин ширкат 6 ҳавопаймои тамғаи Boeing 737-300, Boeing 737-800 ва Boeing 737-900-ро дар ихтиёр дорад.

Somon Air ягона ширкати хусусии ҳавопаймоии Тоҷикистон аст ва дар соли 2017 ним миллион мусофир кашондааст.

Манбаъ: Сомонаи Тоҷикисонтаймс

Нет комментариев

Также рекомендуем

 Неймар боз ба орзуяш нарасид

Ҳамлавари мунтахаби Бразилия – Неймар дар бозиҳои дӯстона бар зидди тимҳои миллии Қатар, Гондурас ва Ҷоми Амрико-2019 сарвони мунтахабаш нахоҳад буд, хабар медиҳад сомонаи расмии ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: