1 миллион дона ниҳолу гулҳо дар ярмарка-фурӯш

0
6 426 просмотров

Санаҳои 3 ва 4-уми март дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид.

Ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии вилоят ва ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав гузаронида шуд.

Дар ярмаркаи мазкур шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ 1 миллион дона ниҳолу гулҳои гуногунро пешниҳоди боғпарварону сокинон намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни баргузории ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ шинос гардида, аз растаҳои гуногуни ниҳолу гулҳо боздид намуд.
Рӯзҳои истироҳатӣ ҳамзамон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд ва сокинон маҳсулоти зарурии худро бо нархҳои то 20 фоиз арзон нисбат ба бозор харидорӣ намуданд.

Манбаъ: Сомонаи расмии Суғд ТҶ

Нет комментариев

Также рекомендуем

ХАБАРИ ФАВРӢ: Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои тасдиқшудаи бемории сироятии CОVID-19 аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар ба қайд гирифта шуд

Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-ковид-19  Қоҳир Расулзода  ҷаласаи навбатии  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: