Дурнамои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия баррасӣ гардид

0
789 просмотров

25-27 сентябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар вилояти Новосибирск бо шахсони расмии вилоят мулоқот анҷом дода, маҷмуи масъалаҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд.

Аз ҷумла, дар мулоқот бо Губернатори вилояти Новосибирск Андрей Травников ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд. Ҳамзамон ба масъалаи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Илова бар ин бо мақсади табодули таҷриба байни табибони минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск масоили марбут ба ташкили таҷрибаомӯзӣ ва семинарҳо барои кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла дорусозон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин ҳамсуҳбатон ба мавзуи ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар Новосибирск тамаркуз намуданд.

Дар зимн ҷонибҳо перомуни имконияти бастани созишномаҳо байни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск ибрози назар намуданд.

Зимни мулоқот Консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Наҷмиддин Имомзода ба Губернатори вилоят расман муаррифӣ гардид.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 10.05.2021

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3200 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: