Боздид аз гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод”

0
4 895 просмотров

Дар гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод”, воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои ободониву кабудизоркунӣ идома дорад. Гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” яке аз гузаргоҳҳои сарҳадиест, ки дар марз бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дорад. Ҳангоми боздид аз ин гузаргоҳ Раҷаббой Аҳмадзода бо шинонидани ниҳол ба корҳои ободонӣ бештар таваҷҷуҳ намуда, масъулинро вазифадор намуд, то дар ин самт диққати махсус бидиҳанд. Ба гуфти роҳбари вилоят гузаргоҳҳои сарҳадӣ дарвозаи ҳар кишвар ба шумор мераванд ва аз ин хотир бояд ободу зебо нигоҳ дошта шаванд. Имсол, ки “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст, дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ бояд эътибори бештар дода шавад. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо кормандони гузаргоҳи сарҳадӣ суҳбат намуда, барои рафъи мушкилоту муаммоҳои мавҷуда дар самти корҳои ободонӣ ба масъулини сохторҳои гуногун вазифаҳои мушаххас дод.

 

 

Манбаъ: сомонаи расмии МИҲД-и вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

На улучшение системы водоснабжения в Б.Гафурове будет потрачено 15 млн. сомони

Порядка 15 млн. сомони планируется потратить в Б.Гафуровском районе Согдийской области для улучшения состояния водоснабжения местного населения. Как сообщили «Авеста» в администрации Б.Гафурова, разработаны проекты ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: