Таҷрибаомӯзии мутахассисони тоҷик дар “HEKAR TRAVEL”

0
7 926 просмотров

Мутахассисони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо таҷрибаи қабул ва хизматрасонии сайёҳии Туркия шинос мешаванд. Дар ин бора Менеҷер оид ба кишварҳои Осиёи Марказии ширкати бузурги сайёҳии Туркия “HEKAR TRAVEL” Туркар Гюртен  зимни мулоқот бо раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода изҳори назар намуд.

Манбаи акс сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

Дар мулоқот ҳамчунин самтҳои ҳамкорӣ ва ҷалби бештари сайёҳони Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ба доираҳои сайёҳӣ ва ВАО-и Туркия, таҳияи маводи иттилоотӣ ва ҷалби сармоягузорони туркӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ба намояндаи ширкат оид ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла, имкониятҳои бузурги сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Намояндаи ширкати туркӣ аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳони Туркия ба мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон баён дошт.

 

Манбаъ: сомонаи  расмии АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ААА

Имрӯз дар шаҳри Токиои Япония ҷаласаи Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ шурӯъ гардид, ки дар кори он 1400 нафар намояндагон аз 206 кумитаи олимпӣ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: