Беллингем бозигари “Реал Мадрид” шуд!

0
1 036 просмотров

Нимҳимоятгари бошгоҳи “Боруссия”-и Дортмунд —  Ҷуд Беллингем бо дастаи  “Реал Мадрид” шартнома баст. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи шаҳри Мадрид дод.

Шартнома бо футболбози англис то тобистони соли 2029 ба нақша гирифта шудааст. Рӯзи 15 июн Беллингеми 19 сола  ҳамчун бозигари “Реал Мадрид”  муаррифӣ мешавад. Хабар дода шуд, ки маблағи интиқол 103 миллион евроро ташкил медиҳад.

Дар мавсими 2022/23 Беллингем дар тамоми мусобиқаҳо 42 бозӣ анҷом дода, ба задани 14 гол ва 7 партофти головар даст ёфтааст. Портали  Transfermarkt нархи  нимҳимоятгарро 120 миллион евро арзёбӣ кардааст.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Премьер Пакистана призвал Индию к диалогу

Премьер-министр Пакистана Имран Хан призвал руководство Индии к урегулированию кризиса вокруг спорного региона Кашмир путем диалога, подчеркнув, что дальнейшая эскалация напряженности в отношениях между двумя ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: