Ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти паркҳои саноатии Озарбойҷон шинос гардид

0
885 просмотров

Дар шаҳри Боку Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо раиси Раёсати Агентии рушди минтақаҳои иқтисодии Озарбойҷон Элшод Нуриев мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ раиси Агентии рушди минтақаҳои иқтисодии Озарбойҷон ба ҷониби Тоҷикистон дар бораи паркҳо ва минтақаҳои саноатӣ, ки дар Озарбойҷон фаъолият доранд, инчунин оид ба имтиёзҳое, ки барои соҳибкорон фароҳам оварда шудааст, маълумоти муфассал дод.

Ҳайати Тоҷикистон ҳамзамон бо фаъолияти паркҳои саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти Парки саноати кимиёи Сумгаит ва раванди истеҳсоли корхонаи қубурҳои пӯлодӣ «Азертехнолайн» шинос шуд.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон ба ҳамкории мутақобилан судманд бо Озарбойҷон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои густариши ҳамкорӣ дар бахши саноат аз ҳисоби коркарди маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳои зиёд дорад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ба саҳифаҳои қалбакии аз номи Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ кушодашуда бовар накунед!

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват  намудаанд, ки ба саҳифаҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: