Чорабинии хайриявии «Бозори СММ» дар Женева

0
6 019 просмотров

Чанд рӯз қабл дар қароргоҳи Созмони Миллали Муттаҳид  дар шаҳри Женева чорабинии ҳарсолаи хайриявӣ — барпо гардид. Намояндагии доимии Тоҷикистон ҳам дар баробари дигар намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ҷаҳон дар назди СММ, дар чорабинии мазкур фаъолона иштирок намуд. Ба меҳмонони чорабинӣ намунаҳои ҳунари миллии Тоҷикистон, ҳӯроки миллӣ, инчунин маълумот дар бораи имкониятҳои сайёҳии кишвар пешниҳод гардид. Бояд қайд намуд, ки лавҳаи Тоҷикистон дар чорабинии зикргардида таҳти унвони «Соли 2017 — соли ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ гардида, ба иштироккунандагон оид ба аҳамияти ин ташаббуси Президенти кишварамон маълумот дода шуд.

 

Манбаъ: сомонаи расмии ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Барои чӣ нўшидани қаҳва муфид аст?

Қаҳва барои ҷавон нигоҳ доштани пўсти рўй хеле муфид аст ва барои ин дар як рўз танҳо ду пиёлача нўшидан кифоя мебошад. Ин назарияро профессори ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: