Дастаҳое, ки ба Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфтанд

0
4 671 просмотров

Пас аз натиҷагирии бозиҳои даври панҷуми рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 оид ба футбол, ки рӯзҳои 13-14 ноябр баргузор шуданд, боз ҳашт дастаи мунтахаби миллӣ, ки ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт, маълум шуд. Сарфи назар аз натиҷаҳои бозиҳои даври охирини мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2019, ки 27-уми марти соли оянда баргузор мешавад, дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (гурӯҳи “А”), Лубнон (гурӯҳи “В”), Урдун ва Ветнам (гурӯҳи “С”), Фаластин ва Умон (гурӯҳи “D”), Баҳрайн ва Туркманистон (гурӯҳи “Е”) ба мариҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Ин ҳашт даста дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 5-уми январ то 1-уми феврали соли 2019 дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, ба дувоздаҳ дастаи беҳтарини қора — Австралия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Ӯзбекистон, Ироқ, Қатар, Сурия, Тайланд, Чин, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб – ҳамроҳ мешаванд. Барои чаҳор роҳхати боқимонда ҳафт дастаи мунтахаб – Қирғизистон ва Мянмар (гурӯҳи “А”), Кореяи Шимолӣ ва Ҳонконг (гурӯҳи “В”), Филиппин, Яман ва Тоҷикистон (гурӯҳи “F”) — талош доранд. Тақдири роҳхатҳои боқимонда дар даври охирини мусобиқоти гурӯҳӣ — 27-уми марти соли 2018 — ҳал хоҳад шуд.

 

Манбаъ: сомонаи расмии телевизиони «Варзиш»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сможет ли Месси выиграть что-то со сборной Аргентины и другие интриги Кубка Америки

В ночь с пятницы на субботу в Бразилии стартует 46-й розыгрыш Кубка Америки. «Евро-Футбол.ру» рассказывает о главных интригах будущего турнира. Помогут ли родные стены сборной Бразилии прервать серию без трофеев Сборная Бразилии является ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: