Ғолиби даври шаҳрии озмун маълум гардид

0
4 663 просмотров

Маркази таълимӣ — истеҳсолии ба номи Зулфия Баҳриддиноваи шаҳри Хуҷанд ғолиби даври шаҳрии озмуни “Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин”дониста шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд Шоҳзоизаи озмуни мазкур насиби Маркази таълимӣ – истеҳсолии ба номи Зулфия Баҳриддинова гардид. Дар дигар бахшҳои озмун Мавҷуда Қосимова, Фотима Маллаева, Мавҷуда Ҳакимова ғолиб гардидаанд. Ғолибон аз тарафи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки озмуни “Маркази таълимию  истеҳсолии адрасбофии беҳтарин” дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик, дарёфти беҳтарин ҳунармандони атласу адрасбоф, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарони хонанишин, кам намудани сафи занони муҳоҷир, дарёфти корҳои баландмузд барои занони ҳунарманд ташкил ва гузаронида шуд.

 

Манбаъ: сомонаи расмии МИҲД-и вилояти Суғд

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Нашри китоби Камоли Хуҷандӣ дар Тошканд

Дар Узбекистон маҷмӯи ғазалҳои шоири номвари тоҷик Камоли Хуҷандӣ ба чоп раисд Нашриёти “Ноширлик ёғдуси”-и пойтахти Узбекистон Нашриёти “Ноширлик ёғдуси”-и пойтахти Узбекистон   маҷмӯи ғазалҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: