Қарори навбатии Раиси вилоят ба тасвиб расид

0
6 758 просмотров

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд аз 2 октябри соли 2017, №478 “Дар бораи тасдиқи Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021” ба тасвиб расид. Тибқи қарори мазкур Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилоят барои солҳои 2017-2021 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он тасдиқ карда шуда, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ҳамоҳангсози амалигардонии барномаи мазкур муқаррар карда шудааст. Ҳадаф аз қабули барнома рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оммавигардонии варзиш, таъмини самаранокии машғулиятҳои ҷисмонии аҳолӣ ва бо ин васила пайдо намудани наврасону ҷавонони болаёқат барои расидан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ дар сатҳи мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад.

 

Манбаъ: сомонаи расмии МИҲД-и вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Идомаи сохтмони чойхона ва маҳаллаву хонаҳои қадимӣ дар ҳудуди «Қалъаи Хуҷанд»

Дар партави дастуру ҳидоятҳои​ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи мероси фарҳангӣ  ва дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар  маркази вилояти Суғд таҷдиду барқарорсозии «Қалъаи Хуҷанд» ҷараён дорад. Корҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: