ФУТБОЛ. Бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2023 дар Ҳисор доир мешавад

0
1 051 просмотров

Бо қарори Бюрои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон макони баргузории бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб аз Хуҷанд ба Ҳисор иваз карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Сабаби кӯчонидани бозӣ барои Суперҷоми мамлакат омода набудани чамани варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» мебошад», — таъкид намуданд дар Федератсия.

Варзишгоҳи марказии Ҳисор макони нави баргузории бозӣ интихоб шуд.

Бозӣ байни бошгоҳҳои «Истиқлол»-и пойтахт ва «Равшан»-и Кӯлоб  6 май, соати 18:00 оғоз мегардад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Правительство Украины выделило $18 млн на «Евровидение-2017»

Правительство Украины выделило 450 млн грн (более $18 млн) на проведение международного конкурса «Евровидение-2017», сообщает«112 Украина». Средства направлены государственному комитету по вопросам телевидения и радиовещания. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: