«Шаҳри бехатар» дар Суғду Хатлон амалӣ мешавад

0
6 579 просмотров

Дирӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо директори ширкати «Ҳуавей» Жу Тянсин вохӯрӣ доир намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили вусъат бахшидани ҳамкории минбаъда ва амалинамоии даври дигари лоиҳаи «Шаҳри бехатар»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр гардид, ки дар доираи мукаммал намудани фаъолият дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Душанбе татбиқ карда шуда, вобаста ба имкониятҳои мавҷуда лоиҳаи мазкур дар вилоятҳои Суғду Хатлон низ амалӣ хоҳад шуд.

Манбаъ:  сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бӯстон. Баргузории мулоқотҳо дар доираи нақша-чорабиниҳои “16 рӯзи мубориза бо хушунат алайҳи зан”

Дирӯз дар боғи истироҳатӣ-мадании ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон аксия оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила доир гардид. Чорабинии мазкур дар доираи нақша-чорабиниҳои бахши ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: