Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 50 нафар наҷотдиҳандагон ба Туркия мераванд

0
580 просмотров

Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 50 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои заминларза ба Ҷумҳурии Туркия мераванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, наҷотдиҳандагони тоҷик барои расондани ёрӣ ҷиҳати рафъи окибатҳои заминларзае, ки дар Ҷумҳурии Туркия рӯй дод, бо маҷмӯи таҷҳизоти махсуси наҷотдиҳӣ фиристода мешаванд.

Гурӯҳи мазкур аз наҷотдиҳандагони баландихтисос, ҷарроҳ ва духтур — травматолог (шикастабанд) иборат аст.

Якҷоя бо гурӯҳи наҷот аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакҳои башардӯстонаи зарурии аввалин низ фиристода мешаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

9 млн. $ барои Тоҷикистон

Вазири  молияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Абдусалом  Қурбониён  ва  Намояндаи  доимии  Бонки  ҷаҳонӣ  дар  Тоҷикистон,  Патрисия  Виверс–Картер созишномаро  ҷиҳати  маблағгузории  Барномаи  мутобиқшавӣ  ба  тағйирёбии  иқлим  ва коҳишдиҳии ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: