Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар кушодашавии Бозиҳои Осиёӣ

0
5 995 просмотров

Дирӯз дар шаҳри Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ иштирок намуданд. Дар ин чорабинии бузурги варзишӣ мувофиқи маълумоти пешакӣ наздик ба 6000 нафар варзишгар аз 62 давлати Осиё ва Уқёнус иштирок менамоянд. Ба барномаи бозиҳо 21 намуди варзиш, аз ҷумла баскетбол, гӯштини камарбандӣ, билярд, боулинг, шоҳмот, теннис, самбо, шиноварӣ, аспсаворӣ ва дигар намудҳои варзиш шомил мебошанд. Тоҷикистонро дар Бозиҳои 5-уми Осиё 173 нафар, аз ҷумла 126 варзишгар дар 15 намуди варзиш ва ҳунарҳои размӣ намояндагӣ ҳоҳанд кард.

Манбаъ: сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

07.09.2021, шаҳри Душанбе Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозон! Имрӯзҳо хурду бузурги Тоҷикистони маҳбуби мо дар остонаи ҷашни бузурги миллиамон – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватан ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: