Дастаи Тоҷикистон дар рейтинг 11 зина боло рафт

0
6 457 просмотров

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) 14 сентябр раддабандии нави дастаҳои мунтахаби футболи ҷаҳонро нашр намуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол 11 зина боло рафта, дар мавқеи 140-ум бо 213 имтиёз қарор гирифт. Тоҷикистон дар байни 46 дастаи Конфедератсияи футболи Осиё мақоми 25-умро касб кардааст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи октябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ду бозӣ доир менамояд- яке бо дастаи мунтахаби Непал дар доираи мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 ва бозии рафиқона бо дастаи мунтахаби Афғонистон. Раддабандии навбатии Федератсияи байналмилалии футбол  рӯзи 16 октябр ба нашр мерасад.

 

Манбаъ: сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

РФ выделила квоты студентом Таджикистана

Более 630 граждан Таджикистана будут направлены на учебу в Россию по выделенным квотам в 2019 году, сообщает «ТаджикТА« со ссылкой на представительство Россотрудничества в республике. В 2018 году российская сторона ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: