Рамзи расмии шаҳри Гулистон тасдиқ гардид

0
4 602 просмотров

Дар шаҳри Гулистон зимни баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон рамзи расмии шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” тасдиқ гардид. Дар ҷаласа Арбоби ҳунари Точикистон ва раиси комиссияи озмуни рамзи шаҳр Ғафурҷон Ҷўраев дар баромади худ доир ба мақсад ва ҳадафҳои озмун, ҳамзамон тавзеҳи тарҳи нави он суханронӣ намуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки тибқи қарори раиси шаҳр бо мақсади тайёр кардани Рамзи расмии шаҳри Гулистон, муаррифии шаҳр ҳамчун шаҳри саноативу истироҳатӣ, шинохти он ба сифати маркази фароғатӣ ва сайёҳиву туризми байналхалқӣ ва ба сифати як минтақаи ободу мутарақии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ озмуни лоиҳаи «Рамзи шаҳр» эълон гардида буд. Дар натиҷа тибқи Низомнома ба унвони комиссияи шаҳрӣ беш аз 10 лоиҳаи рамзҳои рассомони касбӣ ва ҳавасманд ворид гардида, ғолибият насиби рамзи рақами 10-ум гардид. Ба ғолиб ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд.

 

Манбаъ: сомонаи расмии МИҲД-и вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

100 кӯчаю роҳи Хуҷанд таъмир шуд

Дар шаҳри Хуҷанд бо истифода аз ҳавои мусоид корҳои ободонӣ мумфаршкунии роҳҳо идома дорад. Давоми рӯзҳои ҳафтаи сипаришуда, роҳсозони маркази вилоят қисме аз роҳи хиёбони  ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: