Бозии муҳими “Истиқлол”дар Ҷоми AFC

0
5 933 просмотров

Бозии аввали даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC — 2017 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Серес Негрос»-и Филиппин 22-юми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 19:00 шуруъ мешавад. Ёдовар мешавем, рақиби “Истиқлол” баъди пирӯзии «Серес Негрос» дар финали минтақаи АСЕАН аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бар «Хоум Юнайтед»-и Сингапур (2:0 ва 1:2) рӯзи 9-уми август маълум шуда буд. Бозии ҷавобӣ 12-уми сентябр дар шаҳри Баколоди Филиппин барпо мегардад. Дар мавриди ба даври баъдии Ҷоми AFC роҳ ёфтан, қаҳрамони Тоҷикистон дар финали байниминтақавӣ бо ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) рақобат мекунад. Бозиҳои ниҳоии байниминтақавӣ 27-уми сентябр ва 18-уми октябр баргузор мешаванд. Дар бозиҳои ниҳоии минтақаи Ғарбӣ 12-ум ва 26-уми сентябр «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Эйр-Форс»-и Ироқ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 рӯзи 4-уми ноябр барпо мегардад. Агар «Истиқлол» ба финал барояд, онгоҳ бозии ҳалкунандаи мусобиқаи бошгоҳии моҳиятан дувуми Осиё дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

 

Манбаъ: сомонаи расмии телевизиони «Варзиш»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Душанбе сохтмони биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад

Сохтмони биноҳои нави Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе ба зудӣ оғоз мешавад. Барои сохтмони ин ду бинои боҳашамат Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳаҷми 1,5 ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: