Дзюдочиёни навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон

0
2 726 просмотров

Аз нӯҳум то сенздаҳуми августи соли равон дар Чили Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон баргузор мешавад.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин чемпионат 441 нафар варзишгарон аз 68 давлати ҷаҳон ширкат меварзанд.

Дар чемпионати мазкур аз ҷумҳурии мо 5 нафар варзишгар – Қурбоналӣ Бозоров (вазни -60 кг), Разиаллоҳ Лоиқов, Ҷамолиддин Абдуллоев (-66 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) ва Эмомризо Қурбонов (-90 кг) иштирок мекунанд.

Маврид ба ёдоварист, ки чанде пеш (13-14 июл) дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар мусобиқаи дзюдочиён Разиаллоҳ Лоиқов ва Ҷаҳонгир Маҷидов чемпиони Осиё гардида буданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Эълони натиҷаҳои пешакии раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

22 май соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: