Бозиҳои зимистонаи осиё-2029 дар шаҳри Неоми Арабистони Саудӣ баргузор мегардад

0
956 просмотров

Минтақаи Тройенаи шаҳри Неом дар шимолу ғарби Арабистони Саудӣ дар 41-ум Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё дар Камбоҷа мизбони 9-ум Бозиҳои зимистонаи Осиё-2029 интихоб шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин аввалин кишвар дар Осиёи Ғарбӣ хоҳад буд, ки Бозиҳои зимистонаи Осиёро мизбонӣ мекунад. Бозиҳои зимистонаи Осиё аз соли 1986 чор маротиба дар Ҷопон, ду маротиба дар Чин ва як маротибаӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ва Қазоқистон баргузор шудааст.

Бозиҳои зимистонаи Осиё-2029 сеюм чорабинии бузурги варзишӣ аст, ки Арабистони Саудӣ мизбонӣ мекунад. Қаблан Шӯрои олимпии Осиё ҳаққи мизбонии Бозиҳои Осиё-2034 ва Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар соли 2025-ро ба Арабистони Саудӣ дода буд. Ин бозиҳо дар шаҳри Риёз баргузор хоҳанд шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Оғози бунёди хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе — ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ

Нимаи дуюми рӯзи гузашта Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос ба бунёди хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе — ноҳияҳои тобеи марказ ва ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: