Кушодашавии толори нави «Китобхонаи китобшиносӣ» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

0
8 973 просмотров

Маъмурияти Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо мақсади шиносонидани китобдорон, бавиҷа кормандони шуъбаҳои пурракунӣ ва коркарди адабиёт, маълумотдиҳӣ-библиографии китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо навгониҳои соҳаи китобдорӣ семинари назариявӣ-омўзишии «Вазъи воридшавии китобҳои нав ва коркарду таснифи соҳавии онҳо»-ро дар доираи ҷашнҳои 20-солагии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи таърихии ҶVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 100-солагии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  ва ифтитоҳи толори «Китобхонаи китобшиносӣ» баргузор кард. Таъсисёбии толори «Китобхонаи китобхонашиносӣ» аз шумори дастовардҳои китобдорон мебошад. Толори мазкур барои донишҷўёни шуъбаи китобдорӣ, тамоми китобдорону методистон, библиографони китобхонаҳои вилояти Суғд таъсис ёфта, омодаи хизматрасонӣ мебошад.

Манбаъ: Сомонаи Суғд.тҷ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Беллингем бозигари “Реал Мадрид” шуд!

Нимҳимоятгари бошгоҳи “Боруссия”-и Дортмунд —  Ҷуд Беллингем бо дастаи  “Реал Мадрид” шартнома баст. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи шаҳри Мадрид дод. Шартнома бо футболбози ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: