Расман: Томас Тухел аз вазифааш барканор шуд!

0
1 332 просмотров

Сармураббии дастаи “Челси”-и шаҳри Лондон – Томас Тухел аз вазифааш барканор карда шуд. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи лондонӣ хабар додааст.

Дирӯз «Челси» дар даври 1-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо аз тими “Динамо”-и  Загреб мағлуб шуд. Ин 100-умин бозии ӯ буд, ки зери роҳбараш бошгоҳ анҷом дода буд.

Ҳоло «Ашрофзодаҳо» дар зинаи  6-уми ҷадвали ПЛА қарор доранд.  Бошгоҳ дар 6 даври мусобиқа 3 ғалаба, як мусовӣ ва 2 бохт дорад.

Тухели олмонӣ  моҳи январи соли 2021 ба дастаи «Челси» омада буд. Ӯ бо бошгоҳ ғолиби Лигаи  чемпионҳо, Суперҷоми Аврупо ва Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо гардида буд.

Дастаи «Челси» бозии навбатии худро 10-уми  сентябр бо “Фулхэм” дар сафар  баргузор мекунад. Пас аз он дар доираи бозиҳои даври 2-юми гурӯҳии ЛЧ бо тими “Залтсбург” бошгоҳи шаҳри Лондон рӯзи 15-уми сентябр майдондорӣ мекунад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Instagram замимаи нави Hyperlapse баровард

Ҳамин тавр ҳам мешавад. Бе ягон чашмдошту пешгўиҳо ширкати Instagram замимаи навро барои наворгирии timelapse-видео таҳти унвони Hyperlapse  баровард. Видеое, ки алҳол шумо дар Instagram ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: