Таҳлилгарон донотарин ёрдамчии овозиро муайян карданд

0
3 325 просмотров

Мутахассисони маркетинги рақамии ширкати Stone Temple муайян соханд, ки кадоме аз ёрамчиёни овозӣ: — Apple Siri, «Ассистент» Google, Microsoft Cortana ё Amazon Alexa – бо одам муоширати муфид карда метавонад. Тавоногии ҳар як «ёрдамчӣ» тариқи 5 ҳазор савол санҷида шуд.

Бо пурсишу сӯҳбат, мутахассисон муайян сохтанд, ки ҳангоми муошират «ёрдамчиҳо» аз ҳар гуна маҳзанҳо ба монанди Knowledge Graph, Википедия ва ғайра, истифода мебурданд. Инчунин хатогиҳо ва нофаҳмиҳо, ки аз тарафи «ёрдамчиҳо» роҳ дода шуд, ба инобат гирифтанд.

Аз ҳама ёрдамчии донои вирутали «Ассистент», ки 68,1% ҷавобҳоро дуруст коркард намуд. Ин ба 90,6%-умумии ҷавобҳо рост меояд, ки ёрдамчии Google онро дуруст дарёфт. Аз паси он Cortana ҷой гирифт: он ба 56,5% саволҳо, инчунин ба 81,9%-и он дуруст ҷавоб дод.

Alexa-и Amazon бошад бо 87% ҷавобҳои дуруст, ҳамаги ба  20,7%  сваолҳо ҷавоб дод.   На онқадар хуш худро Siri нишон дод, он ҳамаги ба 21,7% саволҳо, аз он ба 62,2% — ҷавоби дуруст пешниҳод намуд. Лекин бояд гуфт, ки тирамоҳ шояд ин маҳсулот баҳои худро баланд кунад. Чихеле, ки дар конфронси WWDC, маълум гардид, ёрдамчии Apple аз нав дида баромада шуда, алгоритми фаҳмиши ҷуқур, ворид карда мешавад.

Манбаъ: ZDNet

Нет комментариев

Также рекомендуем

Гулчанбаргузории Эмомалӣ Раҳмон дар майдони ёдгорӣ, боздид аз осорхона ва маҷмааи варзишии шаҳри Ашхобод

Нимаи дуюми рӯзи 20-уми август дар доираи сафари расмӣ ба Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар майдони ёдгории шаҳри Ашхобод бо нишони эҳтиром ба ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: