Кристина Пронженко рекорди нав гузошт

0
4 780 просмотров

 Варзишгари номдори тоҷик рекорди наверо дар варзишҳои даву майдонии кишвар ба номи худ навишт. Яке аз беҳтарин варзишгари Тоҷикистон Кристина Пронженко дар мусобиқаи дави 400 метр бо монеъ бо дастоварди 59,70 сония рекорди деринаи ин риштаи варзишро барҳам дод. Кристина бо ин нишондодаш дар қаҳрамонии дави Тоҷикистон рекордеро шикаст, ки баробар бо 59,78 сония ва 34 сол пойдор буд. — Бисёр хушҳолам ки тавонистаам рекорди нави миллӣ барпо кунам. Пеш аз давидан эҳсос доштам, ки метавонам рекордшиканӣ кунам. Он рекорд 34 сол барқарор буд! Воқеъан мояи хушҳолӣ аст, ки он рекордро пас аз чандин сол беҳбуд бахшидаам!», — гуфт Кристина. Ӯ акнун барои ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ омодагӣ мегирад. Кристина Пронженко дар мусобиқаҳои Ҷоми дави Ӯзбекистон ва дар мусобиқаҳои байналмилалие,  ки санаи 17 — 18 июн дар Бишкек ва 24 — 25 июн дар Алмаато баргузор мешаванд, ширкат менамояд.

    Манбаъ: www.varzishtv.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Самые красивые черные платья 2018-2019 года

Многие дизайнеры продемонстрировали в своих коллекциях осенне-зимнего сезона роскошные черные платья, которые непременно порадуют модниц, и помогут создать шикарный образ в день торжественных мероприятий. Какое ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: