Иштироки 6 нафар хонандагони тоҷик дар даври финалии ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ISTEM-2022»

0
1 067 просмотров

Шурӯъ аз 19 июл дар шаҳри Франкфурти Олмон олимпиадаи бонуфузи «ISTEM-2022» ҷараён дорад, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар хонандагони МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Хуҷанд иштирокчии онанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

Хонандагон Меҳроҷ Мамадҷонов, Фарина Маъсумова, Сафархон Ҳасанов, Салимбек Саидаҳматзода, Ясминахон Аҳророва ва Акмалҷон Негматуллоев- ҳамагӣ хонандаи синфи 9 буда, дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июл ҷиҳати иштирок дар олимпиадаи байналмилалӣ ба шаҳри Франкфурт сафарбар гардиданд.

Ин хонандагон дар 3 даври олимпиадаи мазкур, ки моҳҳои феврал — июни соли равон баргузор гардид, ғолиб омада, ба даври финалии ин олимпиадаи бонуфуз роҳхат гирифтанд.

Дар даври финалии олимпиадаи бонуфуз «ISTEM -2022» аз фанни математика ва технологияи иттилоотӣ қариб 8 ҳазор хонанда аз 93 кишвари дунё иштирок доранд.

Олимпиадаи мазкур то 24 июл идома мекунад.

Ҳамзамон 25 ва 27 июл дар шаҳри Париж Форуми математикони ҷавони ҷаҳон баргузор мегардад, ки дар он хонандагони тоҷик низ ширкат мекунанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Тоҷикистон аъзои Кумитаи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ оид ба масъалаҳои узвият барои солҳои 2023-2027 интихоб гардид

Дар доираи ҷаласаи 68-уми Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ барои Аврупо, ки аз 31 май то 2 июн таҳти сарпарастии  ҳукумати Булғористон дар София идома  дорад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аъзои Кумитаи созмон оид ба масъалаҳои узвият барои солҳои 2023-2027 интихоб гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Дар ҷаласаи мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: