Пешниҳоди Google: интернет бидуни реклама, маблағгузорӣ бояд шавад.

0
3 547 просмотров

Ҷойгир шудани рекламаро дар интернет, касе намепазирад. Аксарият ҳатто дар худ қатъкунакҳои махсусро пайваст мекунанд, он саҳифаҳоро аз баннерҳое, ки соҳиби сомонаҳоро аз даромад маҳрум месозад, тоза мекунад. Google қарори алтернативиро пайдо кардааст-барои пардохти хоксоронаи моҳона, ширкат омодааст, ки бахши тиҷории худро аз якчанд сарчашмаҳо бардорад. Функсияи нав номи Contributor-ро дорад.  Арзиши номнависшавӣ аз 1 то 3 долларро дар як моҳ ташкил медиҳад.  Қисме аз пулҳоро Google гирифта,  боқимондаро ба соҳибони сомонаҳое, ки онро истифодабарандагон интихоб намудаанд медиҳад. Баъди ин номнависшуда, дигар эълонҳои  тиҷоратии Google AdSense-ро нахоҳад дид. Ба ҷои онҳо, ӯ тасвирҳои начандон калонро бо арзу сипосҳо метавонад бубинад.

Google гумон мекунад, ки қарори нав ба одамони бошуур имконият медиҳад, то ки  аз бахшҳои тиҷорӣ даст кашанд. Аммо аз браузери васеъгардидаи навъи AdBlock  истифода набаранд. Акнун одамон метавонанд, ба дигар баннерҳои тиҷорӣ таваҷҷӯҳ нанамуда, бо майли том сомонаҳоеро, ки контенти шавқоварро барояшон фароҳам меорад, мутолиа намояд.

Сарчашма : matrix-tv.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 29.12.2020

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: