Донишомӯзони тоҷик аз Ҳинд чаҳор медали тилло оварданд

0
9 114 просмотров

Чаҳор донишомӯзи тоҷик аз Шашумин Олимпиадаи байналмилалии улуми поя аз Ҳинд бо медоли тилло баргаштанд. Шашумин Олимпиадаи байналмилалии донишомӯзон дар риштаҳои риёзӣ, физика, химия ва зистшиносӣ аз 21 то 27 май дар Донишгоҳи Амитии шаҳри Ноида баргузор шуд. Дар ин олимпиада, ки донишомӯзони тоҷик нахустин бор дар он ширкат кардаанд, беш аз 10 кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Озарбойҷон, Банглодеш, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Непол, Молдовӣ, Руминия ва Лаос, намоянда доштаанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот донишомӯзи Литсеи № 1 шаҳри Душанбе Рустам Абдувоҳидов ва 3 донишомӯз аз дабиристони «Ҳотам П.В.»­ — Вазир Пиров, Умед Икромов ва Амир Ҷӯраев намояндагӣ мекарданд. Ҳар чаҳор донишомӯзи тоҷик дар риштаи риёзӣ ё математика бар рақибонашон чира шуда медолҳои тиллоро ба гардан овехтанд. Сафири Тоҷикистон дар Ҳинд Мирзошариф Ҷалолов дар маросими ихтитомияи ин олимпиада ширкат ва суханронӣ кардааст.

Хинд 2

Манбаъ: http://sputnik-tj.com/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Тасдиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расонида шуд. Барномаи мазкур идомаи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии қаблӣ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: