Моҳрў Ҳалимова дар Чемпионати Осиё оид ба таэквондо медали биринҷӣ ба даст овард

0
1 748 просмотров

24-27 июн дар шаҳри Чунчеони Кореяи Ҷанубӣ Чемпионати Осиё оид ба таэквондо доир гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат карданд. Дар рӯзи охири чемпионат варзишгари тоҷик Моҳрў Ҳалимова дар вазни -67кг миёни бонувон медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Куматаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Моҳрў муҳорибаро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Қатар Марам Фетнасси пирӯз шуд, вале дар нимфинал аз варзишгари Урдун Ҷулиана Ал-Содиқ мағлуб гардида, ҷои сеюмро гирифт.

Ёдовар мешавем, ки дар 25-ум Чемпионати Осиё 229 варзишгар аз 33 давлати қора ширкат карданд.

Аз ҷумҳурии мо Маҳмадҷон Суннатов (63кг), Муҳамадҳусейн Шомаҳмадов (68кг), Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов (80кг), Ширин Миршакарзода (49кг), Муниса Ойматова (53кг) ва Моҳрў Ҳалимова (67кг) ба Корея сафарбар гардида буданд.

Ин чорум медали Моҳру Ҳалимова дар Чемпионати Осиё мебошад. Ӯ соли 2016 медали нуқра ва солҳои 2018, 2021 медали биринҷии Чемпионати Осиёро сазовор гардидааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Духтараки 12 сола роботи партовкобе сохт

Духтараки 12-солае аз Масачусетс системаи обтазокуниро коркард намуд, ки диққати ширкатиҳои азими технологиро ба худ ҷалб намуд. Анна Ду обро дӯст медорад ва вақти зиёдашро ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: