Имрӯз-Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо: 18 май даромад ба осорхонаҳо ройгон аст

0
9 067 просмотров

Бахшида ба Соли ҷавонон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон  бо мақсади рушди туризми дохилӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси таърихию фарҳангии кишвар, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон дар қаламрави ҷумҳурӣ 18 майи соли равон баргузории «Рӯзи дарҳои кушоди осорхонаҳо» ва дар ҳамбастагӣ бо муассиса давлатӣ «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» баргузории барномаи  фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона»-ро ба нақша гирифтааст. 18 май дар тамоми осорхонаҳои қаламрави ҷумҳурӣ барои тамошобинон ба таври ройгон тамошо ба роҳ монда мешавад. Ҳамзамон 18 май дар муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» барномаи фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона» аз соати 18:00 то 22:00 баргузор мешавад.

123

Манбаъ: www.khovar.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 16.08.2024

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст: 1 доллари ИМА — 10.6562 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: