Иско тарки “Реал” мекунад

0
1 273 просмотров

Ниммуҳофизатгари бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” – Иско дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст, ки тарки даста мекунад.

Шартномаи футболболбози 30 солаи испанӣ охири мавсими 2021/22 ба анҷом мерасад ва аз ҷониби бошгоҳ тамдид карда нашуд.

Иско аз соли 2013 аз “Малага” ба “Реал” гузариш карда буд. Дар ҳайати мадридиҳо ниммуҳофизатгар 353 бозӣ гузаронида, дар ҳисобаш 53 гол ва 56 ирсоли головар дорад.

Иско бо дастаи “Реал” 19 ҷоиза ба даст овардааст, аз ҷумла 5 ҷоизаи  бонуфузтарин мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо.

“Ба ҳама ташаккур, ба зудӣ боз вомехӯрем. Зинда бод, Мадрид!”,- навиштааст, Иско.

Ёдовар мешавем ,ки Иско ба дастаи “Реал Бетис”  гузариш мекунад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Душанбе: нҷумани роҳбарони мақомоти давлатии кор бо ҷавонони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад

14 сентябр дар шаҳри Душанбе дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Анҷумани роҳбарони мақомоти ваколатдори кор бо ҷавонони Осиёи Марказӣ доир мегардад. Дар ин ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: