Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

0
1 136 просмотров

29 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон ворид шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Меҳробиён ва дигар шахсони расмӣ бо самимияти хоса гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Майдони фурудгоҳи байналмилалӣ ба хотири пазироии меҳмони олимақом бо парчамҳои давлатии Тоҷикистону Эрон ва шиорҳои таҷассумкунандаи дӯстию ҳамкории ду кишвар идона оро ёфта буд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Нобудсозии дорувориҳои кӯҳнашуда

Дар 10 моҳ 21170 кг маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии мўҳлати истифодабариаш гузашта, қалбакӣ ва бе сертификати мутобиқати сифат несту нобуд карда шуданд. Дар ин ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: