Ба 2649 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ҷубронпулӣ пардохт мегардад

0
4 236 просмотров

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ кўдакони ятиму камбизоат пайваста ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

maktab-3

Дар доираи чунин ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумораи умумии хонандагони синфҳои 1-9 дар соли таҳсили 2016-2017 ба 2649 нафар аз оилаҳои камбизоат ҷубронпулӣ пардохт мегардад.

Ҳамчунин, дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ ва санаҳои фархундаи таърихӣ кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои ниёзманд аз ҷониби роҳбарияти ноҳия бо туҳфаҳои хотиравӣ ва кӯмакпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 46 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 38 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 муассисаи таҳсилоти асосии умумӣ ва 2 литсей фаъолият намуда, дар онҳо 1650 нафар омўзгорон ба 22158 нафар хонандагон таълим медиҳанд.
Манбаъ: http://sugd.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 20.04.2020

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.2495 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: