Хонандагони тоҷик аз олимпиадаи байналмилалӣ 22 медал оварданд

0
7 384 просмотров

Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ «INFOMATRIXASIA-2017» аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар олимпиадаи мазкур зиёда аз 400 нафар хонанда аз 13 давлати Осиё иштирок намуданд. Аз ҷумҳурии мо 40 нафар довталаб Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.

Almato-olimpiyada

Тавре роҳбалади хонандагон Манучеҳр Ҳабибзода аз Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» зикр намуд, аз мактаббачагони тоҷик дар озмун 2 нафар соҳиби медали тилло, 8 нафар медали нуқра ва 12 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки ғолибони мо Исмоил Ҳалимзод ва Ҳоҷимурод Ҳоҷимурод аз Мактаби байналмилалии президентӣ бо пешниҳоди лоиҳаҳои худ Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, сазовори медали тилло гардидаанд. Ғолибони дигар низ аз литсейҳо барои хонандагони болаёқат дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе, ки дастаи Тоҷикистонро муаррифӣ мекарданд, тавонистанд Парчами Тоҷикистонро миёни кишварҳои дигар баланд бардоранд.
Хонандагони тоҷик аз аввали соли равон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 45 медал гардидаанд.

 Манбаъ: http://khovar.tj/

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Американцы построили лимузин-самолет

Машина получила особый окрас кузова Red Carpet, мощную аудиосистему и несколько посадочных мест. Американская компания Jetsetter представила на выставке мобильной электроники KnowledgeFest лимузин, построенный на ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: