«Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ба нашр расид

1
15 667 просмотров

Нашриёти «Истеъдод» бо фармоиши Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро бо теъдоди 10000 нусха нашр намуд.

Фехрасти номхо

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, китоби мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016 ба чоп тавсия шуда, зиёда аз 3000 намунаи номҳои миллии тоҷикиро дарбар мегирад. Инчунин тарзи навишти ном ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шудааст.
Ҳадаф аз таҳияи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад.

Манбаъ: http://khovar.tj/

1 comment

Опубликовать новый комментарий

Также рекомендуем

Лолаарӯсак гиёҳи заҳрнок аст

Лолаарӯсак дар минтақаҳои марғзор, бешазори паҳнбарг, нимбиёбон ва дар боғҳо нашъунамо карда, қариб 110 намуди растаниҳоро дарбар мегирад. Аксари онҳо худрӯянд. Хусусан, лолаарӯсак дар байни кишти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: