Аз 25 то 30 март ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе хиёбонҳои Душанбе маҳдуд мегардад

0
1 284 просмотров

25-27 март аз соати 09:00 то 17:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ-Айнӣ тавассути хиёбони Рӯдакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, кӯчаҳои Ҳ.Шерозӣ — Карамов пайваст ба хиёбони Рӯдакӣ ва 28-30 март аз соати 07:30 то 16:00 аз ҳалқаи буриши хиёбони С.Айнӣ — кӯчаи Дӯстии халқҳо, хиёбонҳои Айнӣ, Рӯдакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, С.Шерозӣ, кӯчаи Н.Қарабоев, роҳи мошингарди Душанбе — Бохтар то деҳаи Ачии ноҳияи Хуросон ва бозгашт бо кӯчаҳои Н.Қарабоев, С.Шерозӣ, хиёбонҳои А.Сино, И.Сомонӣ, Н.Махсум то маҳаллаи Зафар ва бозгашт тавассути хиёбонҳои Н.Махсум, И.Сомонӣ, Рӯдакӣ то майдони Дӯстии  халқҳо маҳдуд мегардад.

Тавре дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар доданд, маҳдуд гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо мақсади баргузории Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шаҳри Душанбе ва шоҳроҳи Душанбе — Бохтар то деҳаи Ачии ноҳияи Хуросон мебошад.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинии мазкур, яъне аз 25 то 30 март аз истифодаи воситаҳои нақлиёти шахсӣ худдорӣ намуда, аз нақлиёти ҷамъиятии автобусҳо истифода намоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Эколайфхаки: Как выбрать экологичный фломастер и другие канцелярские принадлежности?

Мы продолжаем рассказывать о том, как обезопасить себя и окружающую среду от воздействия на первый взгляд безобидных предметов повседневности.  Формальдегид, бензол, ацетон, метанол, свинец, мышьяк, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: