Барқияи тасаллияти Пешвои миллат ба Президенти Федератсияи Россия

0
7 979 просмотров

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

Emomali-Rahmon-va-Vladimir-Putin

«Мӯҳтарам Владимир Владимирович,

Аз хабари таркиши фоҷиабор дар истгоҳи метрои шаҳри Санкт-Петербург, ки бар асари он шаҳрвандони бегуноҳ талаф ёфтанд, сахт андӯҳгин гардидам.

Бо эҳсоси андӯҳ мо ин амали мудҳишро маҳкум намуда, ҳамоҳангии кӯшишҳои худро барои аз байн бурдани хатари даҳшатбори аср — терроризм таъкид менамоем.

Аз Шумо муҳтарам Владимир Владимирович хоҳишмандам, ки ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон расонед.

Ба зарардидагони ин фоҷиаи мудҳиш шифои комил орзумандем».

Манбаъ: http://khovar.tj/

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бохтар дар гузашта Леваканд ном дошт

Шаҳри Бохтар собиқ Қурғонтеппа — маркази маъмурии вилояти Хатлон аст ва дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон дар соҳили дарёи Вахш, баландии 428 метр  аз сатҳи баҳр ҷой дорад. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: