Оғози сохтмони бинои нав барои кормандони милитсия

1
6 022 просмотров

75Дар шаҳри Хуҷанд бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ сохта мешавад. Тавре ки роҳбари маркази матбуоти РКВД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарипов иттилоъ дод, дар назди бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд хишти аввалин ба оғози сохтмони бинои маскур гузошта шуд. Ба гуфти манбаъ, дар расми оғози бунёди ин иншоот Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд. Бинои иловагии шӯъбаи номбурда аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, он аз ҳуҷраҳои корӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ ва чанд имконияти иловагӣ барои фаъолияти пурсамари кормандони милитсияи шаҳрӣ иборат аст.  Дар ин бора  khovar.tj  хабар медиҳад.

 

 

1 comment

Опубликовать новый комментарий

Также рекомендуем

«Tcell» варзишгарони тоҷикро ҷиҳати иштирок дар Универсиадаи ҷаҳонии зимистона дастгирӣ кард

29 январ дар шаҳри Алмато маросими ифтитоҳи  28-умин Универсиадаи ҷаҳонии зимистона баргузор шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар Универсиада се варзишгар муаррифӣ мекунанд, ки дар намуди ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: